Шафақи қутбӣ
Падидаи рӯшноидиҳанда, ки дар атмосфераи болоӣ, дар баландиҳои болотар аз 100 км рух медиҳад ва одатан дар минтақаҳои қутбӣ мушоҳида мешавад. Он натиҷаи таъсири мутақобилаи боди офтобӣ бо атмосфераи Замин аст. Як қисми ин ҷараёни зарраҳои барқии хеле пурқувват, ки аз офтоб ба ҳама самтҳо паҳн мешаванд, аз ҷониби майдони пурқуввати магнитии Замин, ки ҳамчун сипари муҳофизатӣ амал мекунад, боздошта шуда, ба ду қутби магнитӣ равона карда мешавад. Бомбаборон шудани зарраҳо ба молекулаҳои газии дар атмосфераи болоӣ мавҷуд буда ба тобиши рӯшноӣ дар дарозиҳои мухталифи мавҷ (рангҳои гуногун) ва дар натиҷа ба ташаккули шафақҳои қутбӣ оварда мерасонад. Тобишҳои онҳо аз навъи молекулаҳои бомбаборонкардашуда вобаста аст. Молекулаҳои оксиген шафақҳои ранги сабзро ташкил медиҳанд; азот дурахшишҳои ранги сурх, гулобӣ ва арғувониро ба вуҷуд меорад, дар ҳоле ки ранги кабуди камтар маъмул аз молекулаҳои гидроген, ки хеле баланд дар атмосфера ҷойгиранд, сарчашма мегирад. Вобаста ба нимкураи Замин, ки дар он ташаккул меёбанд, мо шафақи шимолӣ (нимкураи шимолӣ) ва шафақи ҷанубӣ (нимкураи ҷанубӣ) дорем. Тӯфонҳои бузурги геомагнитӣ, ки дар магнитосфераи Замин бо омадани боди офтобии аз муқаррарӣ шадидтар ба вуҷуд меоянд, шафақҳои қутбии калонтареро ба бор меоранд, ки онҳоро дар арзҳои пасттар аз маъмул мушоҳида кардан мумкин аст. Шафақи шимолиро инчунин «рӯшноиҳои шимолӣ» меноманд ва афсонаҳои бисьёр дар атрофи он вуҷуд доранд. Дар баъзе фарҳангҳои скандинавӣ гумон мекарданд, ки онҳо арвоҳи мурдагонанд, ки болотар аз атмосфера сокинанд ва бо машъалҳои фурӯзон мерақсанд, то қадамҳои рӯҳҳои навро роҳнамоӣ кунанд.
Истилоҳоти марбут: Тӯфони офтобӣ, Аврора, Шафақи шимолӣ, шафақи ҷанубӣ