Яхбандии абадӣ

Номи байналмилалие, ки барои заминҳои пайваста яхбаста истифода мешавад. Он аз омезиши калимаҳои англисии permanent (доимӣ) ва frost (ях, яхбандӣ) пайдо шудааст. Ин қабати хок - замин, санг ё омехтаи ҳарду, инчунин моддаҳои органикӣ - бо ғафсии гуногун аст, ки оби дар он мавҷудбуда дар тӯли тамоми сол пурра ё қисман ях баста мемонад. Яхбандии абадӣ дар он ҷойҳои хунуки рӯи Замин мавҷуд аст, ки гармшавии тобистон наметавонад яхи дар хок буда-ро пурра об кунад. Одатан дар зери қабати сатҳӣ, ки аз давраи солонаи яхбандӣ ва обшавӣ таъсир мебинад, қабати зеринии заминҳои доимо яхбаста ҷойгир аст. Болоравии ҳарорат, ки дар даҳсолаҳои охир дар арзҳои баланди нимкураи шимолӣ (ки гармшавии глобалӣ дар он ҷо бештар зоҳир мешавад) мушоҳида шудааст, боис мешавад, ки обшавии мавсимии яхи хок ба умқҳои торафт калонтар расад. Ин ҳолат ба ҷудошавии миқдори зиёди метан ва CO2 ба атмосфера оварда мерасонад.