Даунбурст
Ҷараёни шадиди поёнравандаи ҳаво, ки дар дохили кумулонимбус (абри раъду барқ) ба вуҷуд меояд ва ҳангоми бо шиддат ба замин бархӯрдан ва ба ҳар тараф - ба ҳама самтҳо - паҳн шудан шамолҳои хеле тундро бо оқибатҳои харобиовар ба вуҷуд меорад. Се навъи даунбурст феҳрист шудааст: 1) даунбурсти гарм (heat burst), ки гармшавии назарраси ҳаво ва паст шудани якбораи намнокии муҳитро дар назди сатҳи Замин ба вуҷуд меорад; 2) даунбурсти тар, ки бо ҳамин ном номида шудааст, зеро бо боришот (борони раъду барқӣ) ҳамроҳ аст. Кашида бурдани ҳавои сард аз ҷониби қатраҳои борон ва/ё донаҳои жола сабаби асосии ба вуҷуд овардани ҷараёни поёнраванда мебошад; ва 3) даунбурсти хушк, бе боришот. Дар ин ҳолати охирин борон, барф ё жола пеш аз расидан ба замин бухор мешавад/сублиматсия мегардад.