Санта-Ана

Бодҳои биёбонии аз шимолу шарқ вазанда, хушк ва хеле гарм, ки бо таъсири фён аз ҳад зиёд гарм шудааст ва дар ҷануби иёлоти Калифорния (ИМА) ва дар шимолтарин қисми иёлоти Бажа Калифорния (Мексика) аз моҳи октябр то март мевазад ва дар моҳи декабр ба авҷи худ мерасад. Он номи худро аз он гирифтааст, ки бевосита ба водии дарёи Санта-Ана мезанад ва дар он ҷо ба шиддати бузург мерасад. Ин бод аз сарзадашавии массаи ҳавое ба вуҷуд меояд, ки дар Ҳавзаи Бузург (даштаи васеъ, ки дар байни кӯҳҳои Рокӣ ва Сьерра-Невада ҷойгир аст) ҷамъ мешавад ва сабаби он ҳукмфармо будани фишори баланд дар саросари ин қаламрави васеи ИМА дар фасли зикршудаи сол мебошад.