Нефела

Номи маъбудаи абрҳо дар мифологияи юнонӣ. Ин маъбударо набояд бо нимфаҳои абрҳо ва боронҳо, ки дар Юнони қадим нефелай ном доштанд, омехта кард. Ин мавҷудоти афсонавӣ ба қатори океанидҳо мансуб буданд; духтарони Титан Океан ва Тетис. Аристофан ( тақр. 450-385 пеш аз милод) ин нимфаҳоро дар Эфир ҷойгир кардааст; минтақаи болоӣ, болотар аз атмосфера ва поёнтар аз фалак.