Чинук

Бодест, ки асосан аз ҷануби ғарб мевазад, хушк ва бо таъсири фён аз ҳад зиёд гарм, ки ба тарафи паноҳи кӯҳҳои Рокӣ (ИМА), дар доманаи шарқии он мевазад. Оғози вазидани он боиси болоравии назарраси ҳарорат мегардад. Он номи худро аз қабилаҳои ҳиндуи сокини минтақаи соҳили шимолу ғарбии уқёнуси Ором дар ИМА, дар маҷрои дарёи Колумбия гирифтааст, гарчанде ки дар байни мардум бо номи «барфхӯр» (snow eater) маъруф аст.