Миллибар
Воҳиди фишор, ки ба 1000 барий баробар аст. Барий (бар) воҳиди фишор дар низоми СГС (сантиметр-грамм-сония) мебошад. Аз рӯи таъриф як барий ба фишоре баробар аст, ки қувваи як дина (1 дин) болои сатҳи як сантиметри мураббаъ ворид мекунад (1 барий = 1 дин/см2). Як барий як миллионуми бар аст, ки дар навбати худ ба як даҳуми паскал (Па), ки воҳиди фишор дар Низоми байналмилалии воҳидҳо (СИ) аст, баробар мебошад. Аз боло бармеояд, ки як миллибар (1 мб) ба як гектопаскал (1 гПа) [саду паскал] баробар аст. Ин баробарӣ (1 мб = 1 гПа) маънои онро дорад, ки қиматҳои изобар дар харитаи сатҳӣ метавонанд бидуни тафовут бо миллибар ё гектопаскал ифода шаванд. Қабули тадриҷии СИ нисбат ба СГС маънои онро дорад, ки гектопаскал бештар аз миллибар истифода мешавад ва охирин тадриҷан аз истифода мебарояд.
Истилоҳоти марбут: Фишори атмосфера, барӣ