Депрессияи гармӣ
Минтақаи фишори паст, ки дар назди замин дар натиҷаи гарм шудани шадиди он ташаккул меёбад. Депрессияҳои гармӣ хоси тобистон мебошанд, вақте ки инсоляция ба ҳадди аксар мерасад. Ҳангоме ки замин сахт гарм мешавад, ҳавои бо он тамосбуда низ гарм мешавад ва бо кам шудани зичиаш ба боло баромадан мегирад. Ҷойи холии аз ин ҳаво дар вақти ба боло гурехтанаш монда фавран бо ҳавои минтақаи гирду атроф пур мешавад ва дар натиҷа депрессияи гармӣ ташаккул меёбад.
Истилоҳоти марбут: Конвексия