Гардиши гидрологӣ

Гардиши табиӣ, ки тамоми равандҳои ба интиқоли оби дар Замин мавҷудбударо дар бар мегирад. Бухоршавии об аз уқёнусҳо ва боришот - пас аз конденсатсияи буғи оби атмосфера - равандҳои асосии гардиши гидрологӣ мебошанд, ки онро гардиши об низ меноманд.