Нимбус

Калимаи лотинӣ, ки маънои абри боронро дорад. Ин истилоҳро дорусози англис Люк Ҳовард (1772-1864) дар таснифоти абрҳои худ истифода кардааст ва баъдтар ба номҳои лотинии ду ҷинси абр, ки ҳамеша боришот медиҳанд, дохил шуд (Nimbostratus ва Cumulonimbus).