Давраи карбон
Давраи муҳими табиӣ, ки дар рӯи Замин ба амал меояд ва тамоми ҷараёни карбонро байни захираҳои гуногуни пайвастагиҳои дорои он ва ҳар як ҷузъи гуногуни системаи иқлим (атмосфера, гидросфера, криосфера, биосфера ва литосфера) дар бар мегирад. Ба атмосфера баромадани пайвастагиҳои карбон аз сӯхтани сӯзишвориҳои сангшуда ин давраи табииро тағйир медиҳад, ки дар тағйироти эҳсосшавандаи системаи мазкури иқлим, махсусан дар атмосфера, зоҳир мегардад.
Истилоҳоти марбут: Захирагоҳ