Суръати шамол

Тағйирёбандаи обуҳавошиносӣ, ки ба ҷузъи уфуқии ҷойивазкунии ҳаво дар ҷои муайян ва лаҳзаи муайян мувофиқ аст. Онро шиддати шамол низ меноманд, бо анемометр чен карда мешавад ва аксар вақт бо км/соат ифода мегардад, гарчанде м/сония (Системаи байналмилалии воҳидҳо) ва гиреҳ (дар киштиронӣ ва ҳаво-навардӣ) низ истифода мешаванд. Таърифи боло ба «суръати лаҳзагӣ» мувофиқ аст, ки онро дар наздикшавии аввал бо шамоли ногаҳонӣ айният додан мумкин аст. Дар расадхонаҳо ғайр аз ин, қиматҳои суръати шамол барои фосилаи вақти муайян низ чен карда мешаванд. Ҳар яке аз ин маълумот «суръати миёна»-ро ифода мекунад, гарчанде ин далел одатан қайд карда намешавад. Дар аксар расадхонаҳо ва истгоҳҳои обуҳавошиносӣ маълумот дар бораи суръати шамол одатан ҳамчун миёнаи даҳдақиқавӣ сабт карда мешавад.

Истилоҳоти марбут: Бод, Пати тири шамол