Падидаи номусоиди обуҳавоӣ (ПНО)

Падидаи метеорологӣ, ки барои аҳолӣ эҳтимолан хатарнок аст. Таъсири он ба одамон метавонад бевосита (масалан, ба зарбаи барқ дучор шудан) ё ғайримустақим (масалан, ғарқ шудан дар обхезие, ки аз лабрез шудани дарё ба вуҷуд омадааст ва ҷараёни он дар натиҷаи борони сел ногаҳон афзудааст) бошад. Он инчунин қодир аст зарари моддии дараҷаҳои гуногун расонад.