Тамоюл
Калимае, ки дар метеорология ва иқлимшиносӣ, ҳам дар пешгӯиҳои обуҳавои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва ҳам дар пешгӯиҳои иқлимӣ васеъ истифода мешавад. Масалан, дар бораи тамоюли ҳарорат ва/ё боришот сухан рондан маъмул аст. Дар графикҳое, ки дар таҳқиқоти тағйирёбии иқлим истифода мешаванд, аксар вақт тамоюлҳо муқаррар карда мешаванд, ки ба тасаввури беҳтари тағйиротҳои пайваста (марҳилаҳои сард ва гарм дар миқёсҳои гуногун), ки таҳаввули иқлимро тавсиф мекунанд, кӯмак мерасонанд.