Сатҳи конденсатсия
Баландие, ки дар он шароити сер шудан дар ҳаво ба даст меояд ва болотар аз он конденсатсияи буғи оби дар он мавҷуд ба амал меояд. Пояи абрҳо дар ҳамин сатҳи атмосферӣ ҷойгиранд, ки ҳам дар фазо ва ҳам дар замон тағйир меёбад. Дар сутуни амудии болои як ҷойи муайян якбора якчанд сатҳи конденсатсия метавонад вуҷуд дошта бошад.